МАВҚЕИ ЖАНРИ ҒАЗАЛ ДАР ЭҶОДИЁТИ ПАЙМОН ВА АБДУЛЛО СУБҲОН

Authors

  • МЕҲМОН НАРЗИҚУЛОВ докторанти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов

Keywords:

Паймон, Абдулло Субҳон, ғазал, назм, шакли ғазал, навовари, таҳаввули жанри ғазал, шоирони ғазалсаро, суннатгароӣ, вазни шеър, қофия, адабиёти форсӣ-тоҷикӣ.

Abstract

Чуноне ки таъкид намудем, доир ба таҳлилу тадқиқи осори назмии шоирони давраи истиқлол ба ҷуз муште мақолаву тақризҳои хурд-хурде, ки дар сафаҳоти рӯзномаҳо чоп шудаанд, ҳамчунин муқаддимаи маҷмўъаҳои шеър дигар як тадқиқоти куллие дар шакли як китобе ё рисолае рӯи кор наомадааст. Хушбахтона соли 2011 чунин як тадқиқоте аз ҷониби муҳаққиқи эронӣ Ҳабиб Сафарзода бо забони форсӣ ва хати арабиасос ба дасти чоп расид, ки дар он то андозае шеъри давраи истиқлол таҳлилу баррасӣ шудааст.

Published

2023-11-30